ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Қушлич»-и Ҷамоати деҳоти Ғаллаободи ноҳияи Хуросон бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон корҳои фаҳмондадиҳӣ роҳандозӣ гардид.
Зимнан масъулин дар бораи пешгирии бемории сиротяиии коронавирус ва самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ҳифзи солимии ҷомеа ва таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишвар андешаҳои хешро баён дошта, таъкид карданд, ки саломатии инсон беҳтарин неъмати бебаҳо буда, шахсро мебояд ба солимии худ диққати ҷиддӣ диҳад, то ин ки аз ҳар гуна бемориҳо эмин бошад. Сипас, дар идомаи чорабинӣ таъкид карда шуд, ки истифодаи самараноки ҳар ваҷаб замин ба манфиати мо мебошад, бо ба даст овардани ҳосили дилхоҳ метавонем зиндагии худро бо маҳсулоти тару тоза таъмин намоем ва буҷаи оилавиамонро ғанӣ гардонем.
Дар охир барои маълумоти бештар пайдо кардани сокинон аз бемории сироятии коронавирус ва нишонаҳои пайдоиши он варақаҳои таблиғотӣ ба ҳамагон дастрас карда шуд.