БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НИГОҲИ ПУРМЕҲРАШ АЗ ОЯНДАСОЗ БУДАНИ Ӯ ДАРАК МЕДИҲАД

АНДЕША. Ҷавони ҷасуру сарбаланди тоҷик бо нерўи созандаи хеш тавонистанд дар пешрафти ҷомеа саҳми назарраси худро гузоранд ва бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон солҳои охир дар вазифаҳои роҳбарикунанда сафи ҷавонони кордону забондон зиёд гардидааст, ки ин боиси ифтихор мебошад.

Кадрҳои ҷавон бо донишу матонати худ метавонанд дунёи дигареро ба вуҷуд оваранд, метавонанд бо андеша ва фаъолияти худ атрофиёнро дар ҳайрат гузоранд. Аз он ҷумла, Раиси шаҳри Душанбе, Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо фаъолияти пурсамараш тавонист пойтахти Тоҷикистон, шаҳри Душанберо ба як шаҳри зебо, афсонавӣ ва биҳишти рӯи замин табдил диҳад, ки он ҷои тамошои ҳам хориҷиёну ва ҳам ҳамватанон гардидааст. Имрӯз бо ташаббус ва дастгириҳои раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ пойтахти Тоҷикистони азизамон фахри миллати тоҷик гардидааст. Чунин роҳбарони ҷавону ободкор, ватандӯсту ватанпарвар шоистаи роҳбарист. Тоза ба раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани муҳтарам Рустами Эмомалӣ боиси дастгирӣ ва руҳбаландии ҳар яки мост, чунки ӯ метавонад ҳамчун ҷавони босавод, ҷасуру боғайрат дигаргуниҳоеро барои зиндагии арзандаи халқ дар самти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ намояд.

Раҳмон Саидзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg