ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар маҳаллаи №1 бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик чорабинии ҳизбӣ баргузор гардид.
Масъулин корҳои фаҳмондадиҳиро бо усули “хона ба хона” оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус ва истифодаи заминҳои наздиҳавлигиро ба роҳ монда, зимни дастрас кардани маводҳои таблиғотӣ ба сокинон таъкид карданд, баҳри пешгирӣ аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ, аз љумла вабои аср -коронавирус баланд бардоштани иммунитет, истеъмоли ғизои солим, риояи гигиенаи шахсӣ ва тозагии хонаю манзили истиқоматӣ ҳатмӣ мебошад. Агар организми одам бақувват бошад, ягон беморӣ наметавонат сироят кунад. Дар охир аз ҳар як сокини маҳалла баҳри ба даст овардани ҳосили зироатҳои кишоварзӣ аз заминҳои корам ба хотири таъмини амнияти озуқаворӣ барои оянда даъват ба амал оварда шуд.