БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ФАЙЗ МЕХОҲӢ АГАР, ОБУ ЗАМИНРО ҚАДР КУН

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади татбиқи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ дар Ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Аксияи ҳизбӣ  таҳти унвони «Аз бемории сироятии коронавирус эмин бошем!» бо усули “хона ба хона” баргузор гардид.

Масъулин таъкид доштанд, ки агар мо ба риояи гигиенаи шахсӣ мувофиқи тавсияҳои мутахассисони соҳаи тандурустӣ риоя намоем, боварӣ дорем аз бемориҳои сироятӣ наҷот меёбем. Имрӯз, ки ҷаҳон аз паҳншавии бештари коронавирус дар таҳлука афтодааст, хушбахтона, дар ҳудуди кишвари мо ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст ва моро зарур, аст ки ҷиҳати пешгирии ин беморӣ корҳои фаҳмондадиҳиро дар деҳаву маҳал ҷоннок намуда, мардумро аз ин масъала огоҳ намоем.

Инчунин, дар рафти суҳбат доир ба ҳадафи стратегии кишвар-таъмини амнияти озуқаворӣ андешаронӣ карда шуда, таъкид гардид, ки  истифодаи самарноки ҳар ваҷаб заминҳои корам вазифаи  ҷонии ҳар яки мо мебошад  ва моро лозим аст барои ба даст овардани  зироатҳои кишоварзӣ бештар заҳмат кашида, зиндагии худ  ва  бозорҳои  истеъмолиро бо сабзавоти тару тоза таъмин намоем. 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg