БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САМАРАНОК ИСТИФОДА БУРДАНИ ҲАР ПОРЧА ЗАМИН БА МАНФИАТИ ХАЛҚ АСТ

НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба самаранок истфифода бурдани замин ва таъмини амнияти озуқавории кишвар муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Латифзода Асрор ва раиси шаҳри Норак Неъматзода Маликшо аз гармхонаи шаҳри Норак дидан намуданд.

Неъматзода Маликшо ҳангоми суҳбат иброз дошт, ки самаранок истифода бурдани ҳар порча замин ва гирифтани чанд ҳосил яке аз вазифаҳое мебошад, ки Пешвои миллат,  Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди деҳқонон ва кишоварзон гузоштаанд. Кормандони соҳаро лозим аст, ки барои дар амал татбиқ намудани ин супориши муҳим камари ҳиммат баста, софдилона заҳмат кашида, ҳосилро безарар ҷамъоварӣ намоянд. Зимни боздид аз гармхона  раиси шаҳр ба бахши кишоварзӣ дастур дод, ки рафти кишти зироатҳои баҳориро ҷоннок намуда, заминҳои мавҷударо самаранок истифода намоянд.

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg