БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МИЁНИ АҲОЛӢ ПЕШГИРИИ КОРОНАВИРУС ТАРҒИБ КАРДА МЕШАВАД

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.Ҷиҳати огаҳсозии  аҳолӣ аз пешгирии интиқол ва  пайдоиши сирояти  нави коронавирус ва ба хотири  бештар маълумот пайдо намудани сокинони ноҳия намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён корҳои фаҳмондадиҳиро бо усули “хона ба хона” дар деҳаи Хурсандӣ - 1 Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳия ба роҳ монданд.

Масъулини ҳизб ҳамзамон  дар рафти суҳбат бо аҳоли қайд карданд, ки пешгирии аз Коронавирус ин риояи қатъии тавсияи табибон хоса пушидани ниқоб шустани даст бо собун пеш аз истеъмол ва баъди истеъмоли хурок  ва ғайра мебошад.

Инчунин ба аҳолӣ маводҳои таблиғотӣ оид ба роҳҳои муҳофизат аз коронавирус ва нишонаҳои коронавирус тақсим карда шуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg