КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Кӯшониён оид ба пешгирии паҳншавии бемории коронавирус навъи (СOVID-19) дар деҳаи Лолазори Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳия корҳои фаҳмондадиҳӣ, тақсимоти маводҳои таблиғотӣ ва ниқобҳои махсуси ҳимоятии ройгон ба аҳолиро ба роҳ монданд.
Масъулин дар бораи масъалаи пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус таъкид намуданд, ки ягона амале, ки имрӯз аз мо талаб карда мешавад, барои тарсу ба таҳлука афтодан нест, балки ба таври лозима омода гаштан барои пешгирӣ аз паҳншавии ин вирус мебошад. Бояд ҳар яки мо беш аз ҳар вақти дигар ба тозагӣ ва риояи гигиенаи шахсии худу аҳли оила таваҷҷуҳ карда, аз ҳузур дар ҷойҳои серодам, љамъшавии безарурат канораҷӯӣ кунем ва дар ин бора танҳо ба хабарҳои расмии мақомоти дахлдор бовар кунем.