КӮЛОБ. Дар доираи Солҳои таҳкими худшиносии миллӣ (2020-2021) Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ҷиҳати пешгирии бемории хавфнок ва гузарандаи коронавирус ва аз назаргузаронии ҳуҷҷатҳои ҳизбӣ дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ гузоронида истодаанд. Чунин вохӯрӣ дар ташкилоти ибтидоии “Кафолат” гузаронида шуда, зимнан ҳуҷҷатнигории ташкилоти ибтидоӣ аз назар гузаронида шуда, бо иштирокдорон мулоқот доир карда шуд. Дар суҳбат масъулин қайд намуданд, ки тибқи иттилои Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон хушбахтона бемории сироятии коронавирус дар Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст. Вале ин маънои онро надорад, ки мо онро нодида бигирем ва талаботҳои беҳдоштиро риоя накунем.
Дар фарҷом ба ҷамъомадагон тавсия дода шуд, ки чунин талаботҳои беҳдоштӣ, ба монанди дастҳоро пайваста бо собун ва оби гарм шустан, аз даҳонбанд истифода бурдан, бе зарурат ба ҷойҳои серодам нарафтан ва дигар талаботҳои беҳдоштӣ тавсия додашударо риоя намуда, саломатии худ ва ҷамъиятро ҳифз намоянд.