ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз дар маҳаллаи Ҷавонии Ҷамоати шаҳраки Қубодиёни ноҳияи Қубодиён чорабинии ҳизбӣ бо усули “хона ба хона” гузаронида шуда, ҳангоми дастрасии сокинон ба варақаҳои иттилоотӣ оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус ва нишонаҳои пайдоиши он таъкид карда шуд, ки хушбахтона, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то ба ҳол чунин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст ва роҳандозии корҳои фаҳмондадиҳию безараргардонӣ ба хотири пешгирӣ аз бемориҳои сироятӣ мебошад, ба ҳаргуна овозаҳои бардурӯғ дода нашуда, барои ҳифзи солимии худ ва ҷомеа аз қоидаҳои беҳдоштӣ самаранок истифода намоед.
Ҳамзамон дар ин раванд, аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ба хотири таъмини зиндагии шоиста аз заминҳои наздиҳавлигии худ ва хоҷагиҳои ёрирасон ҳосилҳои дилхоҳ ба даст оварда, оилаи худро аз маводи озуқаворӣ таъмин созанд.