ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар якҷоягӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия гурӯҳи корӣ ташкил карда, дар ташкилоти ибтидоии “Маҳаллаи 4 ва 4 “а” - и ҷамоати шаҳраки Данғара корҳои тарғиботию ташвиқотиро бо усули “хона ба хона” миёни аҳолӣ ба роҳ монданд. Масъулин зимни суҳбат қайд карданд, ки корҳои фаҳмондадиҳию безараргардонӣ ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории коронавирус мебошад. Ба таҳлука наафтода ба ҳар гуна овозаҳои бардурӯғ бовар накунанд ва барои ҳифзи солимии худ ва ҷомеа бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар худ ва оила мубориза баранд. Инчунин, дар идома вобаста ба заминҳои бекорхобидаи наздиҳавлигӣ гуфта шуд, ки бояд ҳар як ваҷаб заминро самаранок истифода бурда, барои беҳтар намудани зиндагии худ саҳмгузор бошем.