ВОСЕЪ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Баҳри иҷрои корӽои оммафаӽмонӣ доир ба пешгирии коронавирус бо донишҷӯёни филиали шаӽри Кӯлоб дар ноӽияи Восеъ вохӯрӣ гузаронида шуд.
Зимни мулоқот кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ таъкид намуданд, ки донишҷӯёни Коллеҷи тиббӣ, ки бештар аз соӽаи тандурустӣ маълумот доранд, бояд дар ҷойӽои ҷамъиятӣ, нақлётӽои мусофирбар мардумро аз пешгирии ин беморӣ огоӽ созанд. Инчунин, қайд карда шуд, ки ӽамарӯза дар тамоми нуқтаӽое, ки шаӽрвандон ҷамъ мешаванд, брашураӽо оид ба пешгирии бемории мазкур васл карда мешаванд.
Дар фарҷоми баромад гуфта шуд, ки агар мо қоидаӽои гигиениро ӽатман риоя намоем, ин беморӣ дар кишвари мо доман паӽн намекунад.