БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБИ УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИРО ҶОНИБДОРЕМ!

АНДЕША. Дар иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум ба ҳайси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе воқеаи пурфараҳ мебошад.

Ҳарчанд эҳсос мекунем, ки фаъолияти кори ин ҷавони болаёқату ободкор ҳеҷ ниёзе ба таърифу тавсиф надорад, аммо қобили зикр аст, ки маҳз ташаббусҳои созандаи ӯ ҳамчун шаҳрдор симои пойтахти кишварро ба кулли тағйир дод. Бунёди чандин боғу гулгаштҳо, муассисаҳои таълимию тиббӣ, қомат афрохтани биноҳои боҳашамати баландошёна, майдону толорҳои варзишӣ, садҳо иншооти гуногуни маишӣ, коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, азнавсозӣ ва бунёди роҳҳои ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ Душанберо ба шаҳри пешрафтаву тараққикарда табдил дод. Воқеан имрӯзҳо барои зиндагӣ ва истироҳати тамоми қишри ҷомеа шароитҳои хуб омода шудаанд.

Аз ҷониби дигар ин ҷавони бағайрату ватандӯст бо иқдомҳои созандагию бунёдкорӣ тавонист исбот намояд, ки мардуми тоҷик воқеан миллати куҳанбунёд ва бофарҳанг буда, дорои маданияти олии шаҳрдорию шаҳрсозӣ мебошанд. Дилсӯзию ғамхорияш дар ҳаққи пирону барҷомондагон, ятимони кулл ва оилаҳои эҳтиёҷманд ӯро ҳамчун шахси инсонпарвару меҳрубон дар дилу дидаи мардуми оддӣ ҷой намудааст.

Мақсаду мароми ин ҷавонмарди лоиқи ситоиш аз ҳадафҳои созандаи ҲХДТ, ки мақсади ниҳоиаш таъмини зиндагии шоиста ба ҳар сокини мамлакат мебошад,  сарчашма гирифта, ӯро сазовори эътирофу эътимоди халқ гардонидааст. Аз ин рӯ интихоби узви Маљлиси Миллиро амри зарурӣ шуморида,  ба Рустами Эмомалӣ, ҷавони ватандӯсту ватанпарвар барору комёбӣ орзу менамоем ва дар иҷрои ин вазифаи пурмасъулият муваффақиятҳо таманно дорем.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg