БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РУСТАМИ ДАВРУ ЗАМОН АСТ, РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ

Дар ҷавонӣ саъй кун гар бехалал хоҳӣ амал,

Мева бенуқсон бувад, чун аз дарахти навбар аст.

АНДЕША. Пешвои муаззами миллати тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар айёми ҷавонии худ ба арсаи сиёсат ворид гардида, дар як муддати кутоҳ миллати парешонгаштаро сарҷамъ намуда, Тоҷикистони ба хок яксонро ба биҳишти рӯйи замин табдил доданд. Бо кӯшишҳои Сарвари ҷавону умедбахш Тоҷикистони азизи мо дар арсаи байналмилалӣ шинохта гардид. Пешвои хирадманди мардуми тоҷик дар баробари тарбия намудани насли ҷавони миллат, фарзанди номваре тарбия карданд, ки ҷавонони тоҷик имрӯз дар симояшон Рустами достонро пайдо намудаанд. Ҳанӯз хеле барвақт буд, ки бо ташаббуси муҳтарам Рустами Эмомалӣ дастаи футболбозони Тоҷикистон ба муаррифӣ намудани миллат шурӯъ намуда буданд, муҳтарам Рустами Эмомалӣ, ки аз падарашон дарси одамгарию садоқат омӯхтаанд, ҳамеша ҷавононро дар ҳама ҳолат дастгирӣ менамоянд. Муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ҳар вазифаи бомасъулият, ки фаъолият намуда бошанд, боору номуси бегазанди тоҷикона бо ҳисси ватандӯстию садоқат ба халқ талош варзидаанд, ки обрӯю нуфузи кишварро дар арсаи байналмилалӣ баланд бардоранд. Ба зебогии пойтахти азизи кишвар назар меафканему ба шаҳрсозии шаҳрдор-муҳтарам Рустами Эмомалӣ аҳсан мегӯем. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба мо ҷавонон руҳу илҳоми  тоза бахшид, интихоби ин роҳбари ҷавон аз он шаҳодат медиҳад, ки Сарвари давлат ба неруи ҷавонон эътимоди хосса доранд.

Фарзона Темурова,  вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон, аз ҳавзаи интихоботии № 10

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg