Бар тори дили хаста наво меорад,
Сад дард раҳо карда даво меорад.
Монанди ПАДАР ба рағми зулматнафасон,
Ӯ низ ба мо нуру сафо меорад.
АНДЕША. Таърих гувоҳ ҳаст, ки ба мисли халқ касе бузургтар ва оқилтару донотар нест, зеро ки ҳар як давлат дар заминаи давлаташ бунёд мегардаду қудрату нумӯъ пайдо мекунад. Эътимод ба халқ ва ба даст овардани боварии халқ кори осон набуда, ба шахсони ангуштшумор муваффақ мегардад.
Рустамии Эмомалӣ, Рустаме аз табори Ориёӣ, аз табори Оли Сомон, аз табори қалби Раҳмон Худованд барои мардуми тоҷикистонӣ ато намудааст. Рустами Эмомалӣ дурдонаеро мемонад, ки барои ин миллат ва барои давлати ҷавони Тоҷикистон саҳмгузор аст ва саҳми аз ин ҳам зиёд хоҳад гузошт. Рустами Эмомалӣ умеди дили ҳазорон ноумедон асту ба қалби ҳазорон ниёзмандон равшанӣ бахшидаву дасташонро дар торикии зулмот гирифта, ба ояндаҳои дури дури равшанӣ бурдааст.
Банда чун дар ҷомеаи имрӯза кор мекунаму бо халқ ҳамдаму ҳамнишин ҳастам, дили мардумро медонам, ки чӣ мехоҳанд. Бештари мардум барои ҳалли мушкилоташон аз ман суроғи почтаи электронӣ ва ё суроғи манзилу коргоҳ ва рӯзи қабули муҳтарам Рустами Эмомалиро мегиранду то муваффақ гардидан ва ё ҳалли мушкилоташон умедвориҳое доранд.
Пас метавон бо боварии комил гуфт, ки Рустами Эмомалӣ ҷойгузину тарбиятёфтаи падар асту ба мисли Пешвои миллати маҳбуби мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон умедвории дили ҳазорон мушкилдорон аст.
Бо интихоб гардидан ба ҳайси Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интизориҳои зиёдро дар тадбиқи ҳадафҳои сулҳпарваронаю инсонпарварона ва ҷомеаи воқеан демократию дунявӣ умедвориҳои зиёд дорем.
Саёҳат Абдуллоева, муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон