АНДЕША. Рӯзи 17 апрели сорли 2020 дар шаҳри Душанбе иҷлосияи якуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид. Яке аз масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия интихоби раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон буд бо пешниҳоди узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Одилзода Дилбар Раҳим номзадии Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои интихоб шудан ба мансаби раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуд. Баъд аз муҳокимарониҳо Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карда шуд.
Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ -Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҷавонон таваҷҷуҳи махсус доранд. Гумон мекунам, ки аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба далели ҷавонтарин узви Маҷлиси миллиро бар ин мансаб лоиқ донистанд. Зеро, ки ба таъбири мардум “Хуни ҷавониаш дар ҷӯш аст”. Агар ҷавонии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси он шуда бошад, ки вакилон ба ў райъи худро диҳанд, бешак дигар далеле, ки онро ба райъ додан ба ҷониби Рустами Эмомалӣ овоз доданашон гардид, ин кору пайкор, ободкориву созандагии шуд дар маснади Раиси шаҳри Душанбе аст. Ман бетадриљ ва бе ягон дудилагї иброз медорам, ки Рустами Эмомалӣ дар кадом мансабе, ки кор карда бошад, бо масъулияти баланд ва бо тамоми тавоноӣ танҳо ва танҳо барои ободонии Ватан, пешрафт ва муаррифии шоистаи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ кор кардааст.
Ҳамаи Тоҷикистониён шоҳиди онанд, ки аз соли 2017 дар шаҳри Душанбе чигуна дигаргуниҳое ба амал омада истодааст. Имрӯз фазои интернетиро танҳо номи Рустами Эмомалӣ гирифтааст. Хурду бузурги кишвар аз интихоб шудани ин ҷавони ободкор ба мансаби раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шод шуда, ҳар фарди ин Ватан мехоҳад, доир ба корҳои ободониву созандагии ў ҳарф занад.
Ман низ аз номи њизбиёни ҷавони шаҳри Бохтар муҳтарам Рустами Эмомалиро барои интихоб шуданашон ба вазифаи раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод гуфта, бо боварии комил мегӯям, ки муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар иҷрои ин кори пурмасъули бошараф аз неруву тавоноии ҷавонии худ истифода бурда, рисолати мавҷударо дар татбиқи муҳимтарин ҳадафҳои миллиамон равона мекунанд. Умед бар он мекунем, ки муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ин мансаб пайрави аслии Пешвои миллат будани худашонро нишон дода, барои дар амал татбиқ намудани ормонҳои садҳазорсолаи тоҷикон саҳмгузорӣ мекунанду мисли қаҳрамони Рустами “Шоҳнома”-и безаволи ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ номи худро дар дафтари таърихи миллат барои ҳазорсолаҳо ҳамчун ҷавонтарин раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон менависад.
Ќањњоров Искандар, корманди КИ ЊХДТ дар шањри Бохтар