АНДЕША. Дар ҳақиқат мардуми шарифи Ҷумҳурии Тоҷикистони навин ба ҷои таҳкими истиқлолияти ба дастоварда ба ҷои бунёдкориву созандагӣ маҷбур шуд ба дифои мавҷудияту якпорчагии худ мубориза барад.
Хушбахтона, халқи бонангу ор тавонист аз вартаи халокат ва риштаи фалокат бо ҷидду ҷаҳд ва ҷоннисориҳои Сарвари бо тадбираш раҳо ёфта,сар баланд намояд.Бо самимият гуфта метавонем, ки имрӯз овозаву садои он тамоми оламро фаро гирифтааст. Мавриди зикр ва ёдоварист, ки давоми солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакат, бахусус пойтахти мамлакат-шаҳри Душанбе бо ташаббуси Пешвои миллат муҳтрам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷонибдории роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе,ки сарвариашро Рустами Эмомалӣ бар душ доранд, даҳҳо адад боғҳои фарҳангиву фароғатӣ, майдончаҳои варзишӣ,биноҳои баландошёнаи хизматию истиқоматӣ,марказҳои савдои молу маҳсулоти гуногун ва марказҳои саломатӣ сохта мавриди истифода қарор додаанд.Ин ҳама ободкориҳо ва созандагиҳо бар ҳусни Ватани азизу маҳбубамон, хусну таровати нав ба нав эҳдо менамояд.
Муҳтарам Рустами Эмомалӣ бар ҷавонии худ нигоҳ накарда, нисбати ободкориву созандагӣ ва гулгулшукуфоии диёрамон саҳми босазои хешро гузошта истодаанд.Тавре ба ҳамагон маълум аст таи солҳои охир Душанбешарҳ дар ҳамаи фаслҳои сол ба худ қабои идона ва баҳорона ба бар намудааст,ки ин заҳмату кӯшиши як ҷавонмарди таҳамтан ва ғаюру далер бо номи Рустам....
Буриев Маҳмаддовуд, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ёвон аз ҳавзаи интихоботии №1