БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ВОҚЕАН ҶАВОНИ ЧАШМИКОРДОН

АНДЕША. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ муҳтарам Рустами Эмомалиро барои интихоб шуданаш ба ҳайси раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, дар фаъолияти пурсамари кориаш бурдбориҳои беназирро таманно менамояд.

Мусаллам аст, ки ҷомеаи имрӯзаи мо ба ҷавонони  бофазлу дониш ва ташаббускору навовар ниёз дорад. Пӯшида нест, ки имрӯз Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ин қишри ҷомеа таваҷљуҳи хоса зоҳир менамоянд. Имрӯз ҷавонон қувваи пешбарандаи ҷомеа ба ҳисоб рафта, бисёр дастовардҳои кишвар аз меҳнату заҳмати софдилонаи онҳо маншаъ мегирад.  Аз рӯзе, ки муҳтарам  Рустами Эмомалӣ, ба мансаби раиси шаҳри Душанбе таъин гардид, пойтахти кишвари азизамон  симои худро куллан тағийр дод. Дар ҳамаи самтҳои хоҷагии халқи шаҳр дигаргуниҳои куллӣ ба вуқӯъ омада, некӯаҳволии мардуми он бо маротиб беҳтару хубтар шуд. Дар ин росто маърифати шаҳрдории сокинони пойтахт рӯ ба беҳбудӣ  ниҳода, вуруди сайёҳони хориҷӣ хеле афзуд.

Мо ҳизбиён итминони комил  дорем, ки баъди ба ин мансаби басо пуршарафу пурмасъул интихоб шудани муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон боз ҳам муттаҳид ва ҷавонони кишварро ба фардои нек ҳидоят мекунад.

 

Файзизода Каримҷон,  раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи  Панҷ                                

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg