БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БЕҲТАРИН ИДЕАЛИ ҶАВОНМАРДИВУ ОЛИҲИММАТӢ

АНДЕША. Дар ҳақиқат Раиси шаҳри Душанбе ва акнун раиси тозаинтихоби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз он шахсиятҳое ба ҳисоб мераванд, ки сарсупурдаи кору фаъолияти худ мебошанд. Доир ба анҷом додани корҳои хайру савобро аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе дар арафаи ҷашну идҳои миллӣ тавассути воситаҳои ахбори омма хондаему шунида ва дидаем. Маҳз дар давраи раисии муҳтарам Рустами Эмомалӣ  дар пойтахти Тоҷикистони азизамон тобистони соли гузашта Саммити панҷуми Созмони машваратї ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё гузаронида шуд. Шаҳри Душанбе бо дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарии бевоситаи раиси ҷавони шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба як шаҳри гулҳо табдил ёфта буд. Агар дар он рӯзҳо дар шаҳри Душанбе ҳузур медоштӣ гумон мекардӣ, ки дар ягон кишвар, ки ҳама гулпӯш аз ҳузур дошта бошӣ. Дар ҳақиқат он рӯзҳо Душанбе бо заҳматҳои Рустами Эмомалӣ ба шаҳри гулҳо табдил гашта буд, гӯё дар Душанбе ҷое набуд, ки гул надошта бошад.

Ё худ озмуни ҷумҳуриявии гулҳо “Сайри гули лола”-ро ба хотир меорем. Тамоми боғу гулгаштҳои шаҳри Душанбе Боғи ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Куруши Кабир, Аҳмади Дониш, Алишер Навоӣ, Парчами давлатӣ, Нишони давлатӣ, Ҷавонон, Наврӯзгоҳ, Хайём, Восеъ, Боғҳои фарҳанги фароғатии ба номи Садриддин Айнӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Ирам, Кули ҷавонон, Боғи кӯдакон, Ғалаба  ва дигар боғҳо ҳамаҷо лолазор шуда буд. Танҳо дар як боғи Куруши Кабир 552 ҳазор адад 26 намуд гулҳои лола шинонида шудааст, ҳоло он ки боғи мазкур дар 5 гектар замин ташкил гардидааст. Ин чӣ маъно дорад. Ин маънои онро дорад, ки Рустами Эмомалӣ барои ободонӣ, зебо ва назаррабо гардидани шаҳри Душанбе аз тамоми имкониятҳои мавҷуда ва малакаву дониши худ истифода мебаранд, то сокинону меҳмонони шаҳри Душанбе худро дар ҳақиқат дар “дили рӯйи замин” эҳсос намоянд.

Таҳти сарпарастӣ ва роҳбарии бевоситаи Рустами Эмомалӣ дар шаҳри Душанбе сохтмон ва ба истифодадиҳии майдончаҳои варзишӣ  вусъати тоза касб кардааст. Фақат дар соли 2019 дар Душанбе зиёда аз 90 адад майдончаҳои варзишӣ дар назди биноҳои баландошёна сохтмонаш ба итмом расида, ба истифода дода шуданд.

Ба мансаби раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудани Рустами Эмомалиро мо ба фоли нек пиндошта, ба он назарем, ки Рустами Эмомалӣ беҳтарин идеали ҷавонмардӣ, олиҳимматӣ, ватандӯстӣ, қавииродагӣ, хизматталабӣ  барои ҷавонону наврасони тоҷик мебошад. Аз фурсати муносиб истифода бурда, аз номи худам муҳтарам Рустами Эмомалиро барои интихоб гардиданашон ба вазифаи пурмасъул ва пуршарафи раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику шодбош гуфта, дар фаъолияти минбадаи вакилиашон муваффақиятҳои беназирро таманно дорам.

Наљидуллозода Насриддин, муовини раис-мудири шуъбаи ташкилии Кумитаи иљроияи  ЊХДТ дар шањри Бохтар

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg