БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДЕҲААМОНРО ХУДАМОН ОБОД МЕКУНЕМ!

Н.ХУСРАВ.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо  мақсади  дар  амал  татбиқ  намудани   дастуру ҳидоятҳои Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва истиқболи сазовори  30- солагии  Истиқлолияти  давлатӣ  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  корҳои  ободониро дар доираи Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Якҷоя ҳал мекунем!”  роҳандозӣ намудааст.

Ин навбат чунин корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар ташкилоти  ибтидоии  деҳаи  “Корвон” доир карда шуда,  дар ин  чорабинии ҳизбӣ бо шукгузорӣ аз фазои сулҳу ороми кишвар сокинон   роҳи даромадгоҳи деҳаро  дар  масофаи 1 километр  сангфарш  карданд. 

Саҳмгузори ин чорабинии ҳизбӣ худи  сокинони деҳаи мазкур буда, онҳо тасмим гирифтанд  дастуру супоришҳои Пешвои миллатро дар амал татбиқ намуда, љашни пурифтихори давлату миллат 30-солагии Истиқлолияти давлатиро бо дастовардҳои назарраси меҳнатӣ истиқбол намоянд. 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg