БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТОЗАГӢ ГАРАВИ САЛОМАТӢ МЕБОШАД

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Бо  мақсади  ба  мардум фаҳмонидани хатару оқибатҳои бемории  коронавирус гурӯҳи  кории    назди  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ  дар  ноҳияи  Носири  Хусрав    бо    сокинон  ва хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №14-и деҳаи  Бобоқул Хидирови  Ҷамоати  деҳоти Истиқлол корҳои тарғиботиро баргузор  намуданд.

Масъулин оид ба  пешгирӣ  аз  ин  бемории  сироятӣ ҳарф зада,   қайд  намуданд, ки  саломатии  мо  дар  дасти  худи  мост, барои  ин  пеш  аз  ҳама  ба  қоидаҳои  беҳдошти  оила, пӯшидани  ниқобҳои  тиббӣ, мунтазам шустани  дастон  бо  собун ва  дигар  қоидаҳои  гигиенаи  шахсиро  риоя намоянд. Инчунин,  таъкид  карданд, ки ҳар  яки  мо  дар    андешаи  сиҳатии  худ ва  таъмини  субот  бошем ва тарзи  ҳаёти  солимро  пеш  гирем.

Ҳамчунин,  дар  доираи  баргузории чорабинӣ ба   сокинон варақаҳои  иттилоотӣ  дастрас  карда шуд.       

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg