ХУРОСОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Баҳри пешгирӣ аз бемории сироятии (COVID-19) кормандони Кумитаи иљроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон ҳамарӯза дар ташкилотҳои ибтидоии деҳаву маҳал чорабинии ҳизбӣ бо усули “хона ба хона”-ро ба роҳ монда, ба сокинон оид ба пешгирии ин бемории сироятӣ ва нишонаҳои пайдоиши он варақаҳои иттилотиро дастрас карданд. Чунин Аксияи ҳизбӣ дар ташкилоти ибтидоии «Шуғли аҳолӣ» бо иштироки Саидзода Раҳмон раиси Кумитаи иљроияи ҲХДТ дар ноҳия доир гардида, мавсуф зимни суханронӣ ба љамъомадагон оид ба бемории сироятии вируси тољдор маълумоти муфассал дода, таъкид кард, ки эҳтиёт аз ҳамагуна бемориҳои сироятӣ аз ҳар як шахс вобастагӣ дорад. Зеро солимии мо дар дасти худи мост, агар мо ба риояи қоидаҳои беҳдоштӣ қатъиян риоя намоем, ягон намуди бемории сироятӣ ба мо сироят карда наметавонад.