Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирӣ намудани бемориҳои сироятӣ махсусан, бемории сироятии коронавирус бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони «Аз бемории сироятии коронавирус эмин бошем!» бо усули “хона ба хона” роҳандозӣ гардид.
Вобаста ба масъалаи мазкур дар кӯчаю маҳаллаҳои маркази ноҳия, аз ҷониби кормандони ҳизбӣ маводҳои иттилоотӣ бо нишон додани аксу расмҳо ва аломатҳои пешгирикунандаи бемории сироятии коронавирус ва маводҳо оид ба риоя намудани гигиенаи шахсӣ барои пешгирии ин бемории сироятӣ дастрас карда шуд.
Инчунин, вобаста ба риоя намудани қоидаҳои беҳдоштӣ ва оид ба анҷом додани амалу тадбирҳои пешгирикунандаи бемории сироятии коронавирус навъи (COVID-19) тавсияҳо дода шуд, ки аз ин чорабинии ҳизбӣ сокинон ба худ маълумоти бештар пайдо намуданд.