БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ КОРОНАВИРУС ЭҲТИЁТ БОШ!

ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ дар маҳаллаи  ба номи “Абӯабдуллоҳи Рудакӣ” таҳти унвони «Эҳтиёт ними ҳаёт!” Аксияи ҳизбӣ  доир гардид.

Ҳизбиён зимни тақсимоти варақаҳо ба сокинон ҳушдор доданд, ки ба хотири пешгирии сироятёбӣ аз коронавирус онҳо бояд бештар худро аз издиҳом канора гиранд, ҳамчунин ба рӯй кашидани ниқоби ҳимоятӣ, сари вақт бо оби гарм ва собун шустани дастон ва дигар корҳои тозагиро риоя намоянд. Ҳамчунин аз сокинон даъват ба амал оварда шуд, ки ба овозаҳои сироятёбии ин беморӣ дар Тоҷикистон  бовар накунанд,  зеро ин беморӣ то имрӯз дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта нашудааст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg