ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ барои пешгирии бемории сироятии (СOVID-19) дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №24 бо мақсади пеш бурдани корҳои тарғиботию ташвиқотӣ вохӯрӣ баргузор намуданд. Масъулин зимни суҳбат оид ба бемории коронавирус баромад намуд, аз иштирокчиёни вохӯрӣ хоҳиш карднд, ки ба таҳлука наафтода, барои пешгирии бемории сироятӣ ба гигиенаи шахсӣ риоя намоянд, мунтазам дастонро бо маҳлулҳои антисептикӣ безарар гардонида, аз муоширати наздик бо шахсони бемор худдорӣ намоянд. Чунин вохӯриҳо дар ташкилоту идораҳо ва ташкилотҳои ибтидоии деҳаву маҳал идома доранд.