НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вобаста ба солимии аҳолӣ ва пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) бо иштироки намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХД дар шаҳри Норак дар деҳаи Дӯстии Ҷамоати деҳоти Пули Сангини шаҳри Норак корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ доир карда шуд.
Дар рафти чорабинӣ ба фурӯшандаҳои нуқтаҳои хӯрокхӯрии сарироҳии деҳаи номбурда варақаҳои иттилоотӣ дастрас карда шуда, таъкид гардид, ки аз тавсияҳое, ки дар маводҳои таблиғотӣ инъикос ёфтаанд, васе истифода намоянд.