КӮЛОБ. Дар доираи Солҳои таҳкими худшиносии миллӣ(2020-2021) Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб бахшида ба сазовор истиқбол намудани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ таҳти унвони “Ободии Ватан аз ободии деҳаву маҳаллаҳо сар мешавад” дар саҳни бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб шанбегии дастаҷамъона баргузор гардид.
Дар шанбегӣ кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб бо ҷалби аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” фаъолона иштирок намуданд.
Мақсад аз баргузории шанбегиҳои дастаҷамъона, саҳм гузоштан дар раванди ободонӣ ва хуррамгардонии кӯчаю маҳаллаҳои шаҳр мебошад.