БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФИ ИМРӮЗАИ ҲИЗБИЁН- ТАРҒИБИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирӣ намудани бемории сироятии коронавирус, ки имрӯз сар то сари ҷаҳонро фаро гирифта, ҷомеаро ба ташвиш овардааст, Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дар ташкилоти ибтидоии “Алоқачиён” хониши сиёсӣ баргузор намуд.

Раиси Кумитаи иҷроия Шарифзода Маҳмадаюб ба кормандони ташкилоти ибтидоӣ оид ба  роҳҳои гузариши бемории коронавирус (COVID-19)  ва роҳҳои пешгирӣ аз  он маълумот дода, афзуд, ки диққати асосӣ ба ин  беморӣ, яъне риоя намудани гигиенаи шахсӣ мебошад. Инчунин, мавсуф дар идомаи сухан аз иштирокдорон даъват ба амал овард,  ки қоидаҳои тозагии хонаву лавозимоти рӯзгорро қатъиян риоя намоянд, то ин ки худ ва наздиконашонро аз ин бемории хавфноки сироятӣ эмин нигоҳ доранд.

Ҳамчунин, барои бештар маълумот пайдо намудани онҳо аз  бемории коронавирус маводҳои таблиғотӣ дар шакли буклетҳо дастрас  карда шуд.         

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg