![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/20200408_122143.jpg?itok=Vhx_YNm8)
ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Тайи чанд ҳафта аст, ки бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон ва ҷалби фаъолон, аъзову ҷонибдорони ҲХДТ, мутахассисони соҳаи тиб, аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” бобати риояи гигенаи шахсӣ ва пешгирӣ аз бемории коронавирус дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳия бо усули “хона ба хона” бо мардум, хосса аъзои ҳар як оила вохӯриҳо баргузор гардида истодаанд.
Дар вохӯриҳо бо аъзои оилаи онҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ баргузор гардида, маводҳои таблиғотӣ дастрас карда мешаванд.