БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ПЕШГИРӢ АЗ ТАБОБАТ БЕҲТАР АСТ

ЁВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон  дар ташкилоти ибтидоии “Соҳаи тандурустӣ”  ҷамъомадро зери унвони “Пешгирӣ аз табобат беҳтар аст”  бо мақсади пешгирӣ аз бемории коронавирус баргузор намуданд.

Дар вохӯрӣ аз ҷониби ниҳоди ҲХДТ дар ноҳия қайд карда шуд, ки имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро вабое бо номи коронавирус ба ташвиш оварда, ҳазорон нафарро мубтало намудааст ва ба хотири ин беморӣ давлатҳои ҷаҳон хисороти зиёди молӣ дида истодаанд. Хушбахтона, то ба имрӯз дар Тоҷикистон ин беморӣ бақайд гирифта нашудааст ва моро мебояд, ки бо мардуми ноҳия якҷоя шуда, бар зидди ин беморӣ мубориза барем.

Сипас, ҳамагон суханрониҳои судмандро якдилона  дастгирӣ карда, чанде аз онҳо  иброз доштанд, ки барои ҳифзи солимии ҷомеа  саҳми арзанда мегузоранд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg