ДАНҒАРА. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Данғара дар асоси дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус миёни аҳолӣ корҳои фаҳмондадиҳиро љоннок карда истодаанд.
Чунин чорабинӣ дар якҷоягӣ бо намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара гурӯҳҳои корӣ ташкил карда шуда, дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, корхонаҳо ва муассисаҳои таълимии ноҳия корҳои таблиғотию ташвиқотӣ роҳандозӣ гардида, масъулин аз ҳамагон даъват ба амал оварда истодаанд, ки риояи гигиенаи шахсӣ ҳатмӣ ва саривақтӣ буда, моро зарур аст, баҳри ҳифзи солимии ҷомеа аз тавсияҳои мутахассисони соҳаи тандурустӣ васеъ истифода намоем.
Сипас, дар ин раванд ба шаҳрвандон варақаҳои таблиғотӣ оид ба пешгирии ин бемории сироятӣ ва нишонаҳои пайдоиши он дастрас шуда истодаанд.