БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОИЛА МАКОНИ ТАРБИЯ АСТ

БАЛЉУВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади солимии миллат ва давлат ва  эъмин нигаҳ доштани сокинон аз сироятёбӣ ба бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории короновирус, ки имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро зери хатарҳои манфии худ қарор додааст, бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон дар ҳамкорӣ бо гурӯҳи кории назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон пайваста миёни аҳолӣ суҳбату вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳиро роҳандозӣ гардида истодааст. Вохӯрии навбатӣ дар деҳаи Навбаҳори Ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоев  миёни сокинон ва аъзои фаъоли ҲХДТ сурат гирифт.

Дар суҳбат масъулин қайд карданд, ки то ҳол дар ҷумҳурии азизамон- Тоҷикистон ягон нафар ба ин беморӣ ба қайд гирифта нашудааст, аммо нигоҳ накарда ба он мо бояд эҳтиёткориро пешаи худ намоем. Чунки, дар ҳадисе омадааст, ки «Эҳтиёткоронро  Худованд низ дӯст медорад ва ҳамеша аз тамоми офатҳои заминию осмонӣ дар  паноҳи исмати худ нигаҳ медорад». Чи тавре, ки ба ҳамагон маълум аст  мо миллати тоҷикро дар ҷаҳон бо тамаддуну фарҳангӣ воло мешиносанд ва эҳтиром менамоянд. Пас мо дар якҷоягӣ кӯшиш намоем, ки   бо фарҳангӣ волои инсонии хеш ғолибгари тамоми  кому нокомиҳои рӯзгор буда, дар ҳама шароити зиндагӣ эҳтиёткорию сарфаҷӯйи, сабурию таҳаммупазирӣ ва  бо азму иродаи қавӣ меҳнат намудану барои хеш зиндагии шоистаро муҳайё гардонида, ба зиндагӣ хушбин бошем.

Ҳамчунин дар идома гуфта шуд, ки оила худ макони тарбия аст, пас мо тарбияро аз оила, аз фарзандони худ оғоз намоему онҳоро дар рӯҳияи зебоипарастӣ, ахлоқи ҳамида, инсонгароӣ, риояи гигенаи шахсӣ, тозаю озода нигоҳ доштани манзили истиқоматӣ,  хуллас тарғибгари ҳаёти солим бошем то худ  ва ҷомеаро  солиму давлатамонро аз тамоми хатарҳои замони муосир  чун гавҳараки чашм эъмин нигаҳ дорем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg