БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИНТИХОБИ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БА ВАЗИФАИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БОВАРИЮ ЭЪТИМОД БА ҶАВОНОНИ ИМРӮЗИ ВАТАН АСТ!

АНДЕША. Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил шудан ба дастовардҳои муҳим дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангии ҷавонон нақши босазо гузошта, ба ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон ва тадриҷан фароҳам овардани имкониятҳои васеи рушду такоммули ҷавонон дар шароити мураккаби тағйирёбии сохториву ҷамъиятӣ мусоидат намуд, ки саҳми ҷавонон дар ин раванд хеле самарабахш арзёбӣ мегардад. Лозим ба ёдоварист, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, ба ин қишри ояндасози ҷомеа пайваста ғамхориҳо зоҳир менамояд. Ин аст, ки Роҳбари давлат як моҳ қабл аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ  23 майи соли 1997 бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ мулоқот ороста, доир ба таъсис додани Кумитаи кор бо ҷавонон аввалин заминаҳо таҳрезӣ гардиданд.

Иқдоми бузурги Сарвари давлат боиси боз гаштани саҳифаи наве дар ҳаёти ҷавонони кишвар гардида, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 сентябри соли 1997, №414 «Масъалаҳои Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон»  бахш ва раёсатҳои кор бо ҷавонон дар вилоят, шаҳру ноҳияҳои кишвар ба фаъолияти корӣ оғоз намуданд. Дар ин замина бо Қарори Маҷлиси Олии кишвар аз 22 майи соли 1998, №628  23 май «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» эълон гардида, шурӯъ аз соли 1998 инҷониб дар  ҷумҳурӣ 23 май ба таври расмӣ чун Рӯзи ҷавонони  Тоҷикистон қайд мегардад. Ин ҳама дастгириву ғамхориҳо аз мавқеву мақоми хосса доштани ҷавонони кишвари соҳибистиқлоламон гувоҳӣ медиҳад.

Дар ҳаёти илмию иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷавонони кишвар як зумра рӯйдоду падидаҳои беназир ба вуқӯъ омадаанд ва яке аз чунин рӯйдодҳои арзишманд бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз шаш маротиба қабул гардидани Барномаи миллии «Ҷавонони Тоҷикистон» барои солҳои 1999-2000, 2001-2003, 2004-2006, 2007-2009, 2010-2012, 2013-2015, 2016, 2017-2020 ва чандин маротибаҳо қабул гардидани барномаву татбиқи санадҳо дар бораи тарбияи ватандӯстиву рушди саломатии ҷавонон заминаи мусоидеро ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон фароҳам оварданд.

Хушбахтона, дар ҳошияи дастгириву ғамхориҳои  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами ҳизбу давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба ҷавонони кишвар ҳамеша зоҳир менамоянд, ҷавобан ҷавонони мамлакат  бо як нерӯи созанда ва тавонои хеш тавонистаанд дар рушду нумӯи Тоҷикистон натанҳо саҳмгузор бошанд,  балки нақши меҳвариро соҳиб гарданд, ки ин ифтихор ва шарафи бузурги ҳар як шаҳрванди меҳанпарвари тоҷик аст.

Имрӯз ҷавонони тоҷик тавонистаанд, ки бо доштани дониши ҳирфавии худ дар шохаҳои қонунгузорӣ, иҷроия ва судии мамлакат нақши  калидиро  соҳиб гардида, бо сари баланд аз уҳдаи роҳбарии вазорату кумита, шаҳрдориву  ҳимояи марзу бум ва муносибат бо давлатҳои дуру наздики сайёра зери сиёсати «дарҳои кушода» масъулиятпазирона фаъолият намоянд.

Мо  ҳамчун  узви комилҳуқуқи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз кору пайкори шаҳрдори пойтахт- Рустами Эмомалӣ ба ваҷд омада, ӯро ҳамчун идеали корӣ интихоб намудаем. Рустаме, ки ба ҷавониаш нигоҳ накарда аз уҳдаи роҳбарии вазифаҳои муҳими давлатӣ, аз ҷумла шаҳрдории Душанбе сарбаландона баромада истодааст. Ёд дорем, ки дар рӯзҳои аввале, ки Рустами Эмомалиро ба сифати раиси шаҳри Душанбе тайъин намуданд, сару садоҳо дар расонаҳои дохиливу хориҷӣ оид ба «ҷавон аз уҳдаи шаҳрдории Душанбе мебаромада бошад ё не», пайваста интишор мегардид.  Аммо бо мурури замон дар муҳлати муайян ҳамагон шоҳиди он гардидем, ки бо ташаббуси ин ҷавонмард шаҳри Душанбе  ба шаҳри гулҳо, шаҳри орзуҳо мубаддал гаштааст.  Заҳмату талошҳои Рустами Эмомалӣ, ки  баҳри шукуфоии маркази кишварамон карда истодааст,  лоиқи таҳсину дастгирист.

Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани Рустами Эмомалӣ башорат аз қадру манзалат доштани насли ҷавон ва эътимоду боварии мардуми шарифи Тоҷикистон ба насли ояндасози ин миллату меҳан аст, ки мо аз ин ифтихор менамоем. Воқеан гузаштану тарбия ёфтани Рустами Эмомалӣ аз роҳи сиёсати Пешвои муаззами миллат, Раиси Ҳизби Ҳалқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гувоҳи он аст, ки давомдиҳандаи кори падар барои имрӯзу ояндаи Тоҷикистон тамоми заҳмату талошҳоро хоҳад кард.

Мо ҳизбиён- ҷавонони  ноҳияи Шамсиддин Шоҳин  аз интихоб шудани Рустами Эмомалӣ ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  ифтихор менамоем ва ба ӯ саломатию сарбаландӣ ва дар таҳкими арзишҳои миллӣ ва рушди босуботи Тоҷикистони азиз масъулияту муваффақият таманно мекунем.

Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg