АНДЕША. Истиклолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ноил шудан ба дастовардҳои муҳим дар ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, сиёсиву фарҳангии ҷавонон накши босазо гузошта, ба ташаккули сиёсати давлатии ҷавонон ва тадриҷан фароҳам овардани имкониятҳои васеъи рушду такомули ҷавонон дар шароити мураккаби тағйирёбии сохториву ҷамъиятӣ мусоидат намуд, ки саҳми ҷавонон дар ин раванд хеле самарабахш арзёбӣ мегардад.
Лозим ба ёдоварист, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сарварии Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали соҳибистиклолӣ ба ҷавонон таваҷҷуҳи хоса намуда, ба ин кишри ояндасозӣ ҷомеа пайваста ғамхориҳо зоҳир менамояд. Ин аст, ки Роҳбари давлат як моҳ кабл аз имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ, 23 майи соли 1997 бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ мулоқот ороста, доир ба таъсис додани Кумитаи кор бо ҷавонон аввалин заминаҳо таҳрезӣ гардиданд.
Икдоми бузурги сарвари давлат боиси боз гаштани саҳифаи наве дар ҳаёти ҷавонони кишвар гардида, бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 сентябри соли 1997, №414 «Масъалаҳои Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон» бахш ва раёсатҳои кор бо ҷавонон дар вилоят, шаҳру ноҳияҳои кишвар ба фаъолияти корӣ оғоз намуданд. Дар ин замина бо Қарори Маҷлиси Олии кишвар аз 22 майи соли 1998, №628, 23 май «Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон» эълон гардида, шурӯъ аз соли 1998 инҷониб дар дар ҷумҳурӣ 23 май ба таври расмӣ чун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон кайд мегардад. Ин ҳама дастгириву ғамхориҳо аз мавқеву мақоми хосса доштани ҷавонони кишвари соҳибистиқлоламон гувоҳӣ медиҳад.
Дар ҳаёти илмию иктисодӣ ва иҷтимоию фарҳангии ҷавонони кишвар як зумра рӯйдоду падидаҳои беназир ба вукӯъ омадаанд ва яке аз чунин рӯйдодҳои арзишманд бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон беш аз шаш маротиба кабул гардидани Барномаи миллии «Ҷавонони Тоҷикистон» барои солҳои 1999,2000,2001-2003,2004-2006, 2007-2009, 2010-2012, 2013-2015, 2016,2017-2020 ва чанди маротибаҳо кабул гардидани барномаву татбиқи санадҳо дар бораи тарбияи ватандӯстиву рушди саломатии ҷавонон заминаи мусоидеро ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон фароҳам оварданд.
Хушбахтона, дар ҳошияи дастгириву ғамхориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои муаззами ҳизбу давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба ҷавонони кишвар пайваста зоҳир менамоянд, ҷавобан ҷавонони мамлакат бо ян нерӯи созанда ва тавонои хеш тавонистаанд дар рушду нумӯи Тоҷикистон натанҳо саҳмгузор бошанд, балки нақши меҳвариро соҳиб гарданд, ки ин ифтихор ва шарафи бузурги ҳар як шаҳрванди меҳанпарварӣ тоҷик аст.
Имрӯз ҷавонони тоҷик тавонистаанд, ки бо доштани дониши ирфавии худ дар шохаҳои конунгузорӣ, иҷроия ва судии мамлакат нақши калидиро соҳиб гардида, бо сари баланд аз уҳдаи роҳбарии вазорату кумита, шаҳрдориву ҳимояи марзу бум ва муносибат бо давлатҳои дуру наздики сайёра зери сиёсати «дарҳои боз» масъулиятпазирона фаъолият намоянд.
Ман ҳамчун як узви комилҳуқуқи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз кору пайкори шаҳрдори пойтахт Рустами Эмомалӣ ба ваҷд омада, ӯро ҳамчун идеали кории худ интихоб намоям. Рустаме, ки ба ҷавониаш нигоҳ накарда, аз уҳдаи роҳбарии вазифаҳои муҳими давлатӣ, аз ҷумла шаҳрдории Душанбе сарбаландона баромада истодааст. Ёд дорам, ки дар рӯзҳои аввале,ки Рустами Эмомалиро ба сифати раиси шаҳри Душанбе таъйин намуданд,сару садоҳо дар расонаҳои дохиливу хориҷӣ оид ба «Ҷавон аз уҳдаи шаҳрдории Душанбе мебаромада бошад ё на?», пайваста интишор мегардид.
Душманони миллат аз хориҷи мамлакат дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайваста сари Рустами ҷавон суханони бепояву сарсариро мебофтанду хостгори он буданд,ки ин ҷавонмардӣ қавӣ аз уҳдаи шаҳрдорӣ набаромада, боиси норизои мардуми Тоҷикистон мегардаду хоинон аз шодӣ дар куртаашон намеғунҷанд. Аммо бо мурури замон дар муҳлати муайян ҳамагон шоҳиди он гардидем, ки бо ташаббуси ин ҷавонмард шаҳри Душанбе ба шаҳри гулҳо, шаҳри орзуҳо мубаддал гаштааст. Заҳмату талошҳои Рустами Эмомалӣ, ки баҳри гулгулшукуфоии маркази кишварамон карда истодааст лоиқи таҳсин аст.
Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани ҷавонмарде,ки дар пиндору рафтор ва кирдори нек, чун Рустами ҷавонро зебанда аст ба кулли тоҷику тоҷикистониён муборакбод мегӯям.
Мо ҳизбиёну ҷавонони ноҳияи Шамсиддин Шоҳин бо чунин мардони фидоии Ватан мефахрему бо онҳо ифтихор менамоем.
Точикистон ба пеш!
Неъматов Абдуҷаббор, сокини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин