АНДЕША. Ҷавони оқилу кордон Рустами Эмомалӣ тавонист, ки дар кӯтоҳтарин муҳлат шаҳри Душанбе - поитахти азизро ба яке аз зеботарин шаҳрҳои сайёҳии рӯи дунё табдил диҳад. Чи хеле, ки ба ҳамагон маълум аст аз замоне, ки Рустами Эмомалӣ бо дасту дили пок ва азму иродаи қавӣ ба арсаи сиёсат пой ниҳод ҳамеша ният дошт, ки ба халқу Ватан хизмати арзанда намуда, баҳри ободии ин сарзамин тамоми кӯшишу ғайрат ва матонату мардонагии худро равона намояд. Ин ҷавони далеру ҷасур, масъулиятшинос, ватандӯсту хештаншинос ҳанӯз аз оғози фаъолияти корӣ дар мақомоти коррупсия дар кӯтоҳтарин муҳлат сатҳи ҳолатҳои коррупсиониро қариб, ки аз байн бардошт ва ба ин зуҳуроти номатлуб чун Рустами достон муборизаи беамон бурд. Бо дастгириҳову ташаббусҳои бевоситаи Рустами Эмомалӣ бозии футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми оммавиро касб намуда, дастаи футболбозони “Истиқлол”-и Тоҷикистон тавонист, ки ба бозиҳои ҷаҳонӣ роҳ ёбад. Маҳз ҳамин дастгириҳои ӯ буд, ки дастаҳои мунтахаби футболбозони тоҷик ҳамеша дар мусобиқаҳо дастболо мегарданд. Сохта ба истифода додани даҳҳо боғҳои фарҳангиву фароғатӣ, майдончаҳои варзишӣ, гулгаштҳои зебову дилкаш ба ҷавонон, шароити мусоид ба кӯдакону наврасон фароҳам оварда шуд, ки онҳо метавонанд ҳамарӯза аз ин мавзеъҳои барҳаво дидан намуда, дар толорҳову майдончаҳои варзишӣ баҳри солимии худ ба машқу тамрин машғул шаванд. Ҳамаи ин хизматҳои Рустами Эмомалӣ дар рӯҳияи ҷавонону наврасон ҳисси баланди ватандӯстиро бедор намуда, онҳоро водор месозад, ки дар ҷавоб ба ин ғамхориҳо кӯшиш намоянд, ки дар бари ин сиёсатмадори ҷавону умедбахш рост истода дар ободии ин сарзамин саҳми арзишманд гузоранд.
Шаҳриёро аз табори Олӣ Сомонӣ,
Меваи даврони истиқлол, ҳадяе аз ишқи Раҳмонӣ.
Шаҳри ман бо шаҳриёраш зинда бод,
Ахтари толеи ӯ рахшанда бод.
Шаҳри моро шаҳриёрӣ мекунад,
Аҳди худро устуворӣ мекунад.
Кӯчаҳои шаҳр зебо мешавад,
Рахшро Рустам саворӣ мекунад
Субҳиддин Иззатов, сарвари мактаби “Лидерони ҷавон”-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон