БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШАҲРИ МАН БО ШАҲРИЁРАШ ЗИНДА БОД!

                             Ҷавоне,ки љавонони Ватанро раҳкушо бошад,

                              Чу фарри Рустами дастон мар- ӯро зиё бошад.

                              Замони шаҳрдорӣ равнақи ҳар соҳа боло рафт,

                              Вуљудаш тоза,  дил поку орӣ аз кинаҳо бошад.

АНДЕША. Ҷавони бонангу номус, ботаљриба, кордон, ободгар, роҳбари љавон,сиёсатмадор, шаҳрдори муваффак, ифтихори љавонон муҳтарам Рустами Эмомалӣ.Чуноне,ки ба ҳамагон маълум аст баьди ба сифати Раиси шаҳри Душанбе таьин гардидани Рустами Эмомалӣ дар пойтахти азизамон шаҳри Душанбе дигаргуниҳои куллӣ ба назар мерасад.Дар як муддати кӯтоҳ роҳбари љавон, боазм,љиддӣ, сахтгир тавонист симои пойтахтро ба куллӣ тағйир диҳад Аз китобҳои афсонаҳо мехондем: Буд набуд мамлакате буд ободу зебо, подшоҳи ин мамлакат шахси ҳалим, мардуми ин мамлакат шоду хурсанд....ва ҳамин хел афсона идома меёфт. Вале имрӯз мо дар асл мебинем, ки ин афсонаҳое, ки дар хурдӣ мутолиа менамудем, асли воқеӣ доранд ва мо мегӯем: Кишваре ҳаст дар дунё номаш Тољикистон пойтахти азизаш шаҳри Душанбе раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ. Дар ин шаҳр,ки роҳбариашро љавони созандаву ободкор чун Рустами Эмомалӣ роҳбари менамояд, новобаста аз фаслҳои сол хурраму зебо, гулпӯш ва дар гармову сармо қабои сабз ба бар дорад. Ҳамаи бунёдкориҳо натиҷаи заҳматҳои шаҳрдори ҷавон Рустами Эмомалӣ аст. Вақте вориди пойтахти азизамон мегардӣ тамоми махаллаҳо, кӯчаҳо,боғҳо, хиёбонхо гулпӯшанд, кӯчаву хиёбонҳо ҳама чароғонанд имрӯз мо мебинем,ки ин афсона не воқеист. Рустами Эмомалӣ умеде ба ояндаи дурахшони Тоҷикистон, ки имрӯзҳо ҳазорон ҳазор ҷавонон пайрави корҳои бунёдкоранааш ҳастанд новобаста аз ҷавони дар чандин вазифаҳои пурмасьул фаъолият намудааст. Роҳбари оҷонсии мубориза бо коррупсия, Хадамоти гумрук, роҳбари Федератсияи футболи Тоҷикистон, ки дар ин самтҳо низ фаъолияти назаррас доштанд. Бо дастгириву талошҳои ин вавони ҷавонпарвар футболи тоҷик рушд намуда, дастаҳои мунтахаби Тоҷикистон дар мусобиқаҳои сатҳи байналмилалӣ иштирок намуданд. Дар шаҳри Душанбе дар тамоми кӯчаву махаллаҳо майдончаҳои варзиши комат афрохта, ин икдоми шаҳрдори ҷавон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар дасгирӣ ёфта майдончаҳои варзиши сохта шуданд. Имрӯз насли наврас орӣ аз ҳама гуна амалхои номатлуб ба варзиш машғуланд, ки бевосита ташаббуси некхоҳонаи шаҳрдори ҷавон аст. Рустами Эмомалӣ дар адои вазифаи ољонсии мубориза бо коррупсия будан зидди ҳама гуна амалҳои коррупсионӣ буда, рохбари ҷавон тавонист дар як муддати кӯтоҳ дар ин самт натиҷаҳои назаррас нишон диҳад. Вақте, ки вохӯрии сарони кишварҳои иттиҳоди мустақил дар Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе шуда гузашт аз ободкориву созандагии шаҳрдори ҷавон сарони кишварҳо ба риққат омада, аҳсану офаринаш хонданд. Владимир Путин Президенти кунунии Россия баьд аз ин сафар чандин губернаторҳои кишварашро аз ҳисоби ҷавонон таъин намуда, аз корҳои созандагии роҳбари ҷавони шаҳр Рустами Эмомалӣ мисол овард, ки ин мояи ифтихори хар яки мост. Вақте, ки шаҳрдори ҷавон аввалин сафари кории худро аз Ҷумҳурии ба мо дӯсту ҳамсоя Ӯзбекистон оғоз намуд тавонист бо рафтори худ, бо устувории худ бо ҷиддият, забондони ва кордонии худ муаррифгари садҳо пайравони ҷавони хеш гардад. Имрӯз ин шаҳрдори ҷавону муваффақ тавонист дар дили сокинони пойтахт ҷой гирад. Ӯ ба ҳама меҳрубон аст. Гувоҳи  ин гуфтаҳо дар ҳама иду ҷашнҳо ба туҳфаҳои пули кадрдонӣ намудани заноне,ки аз субҳи барвакт то дергоҳи шаб ба тоза намудани кӯчаҳои шаҳр машғуланд.Имрӯз ҳама аз ин роҳбари ҷавон сухан мегӯянд, дӯсташ медоранд ва дуогӯяш ҳастанд.

Шаҳри азизи дилҳо Душанберо ба шаҳри афсонаҳо, орзуҳо, макони илму маърифат табдил дода, ба яке аз шаҳрҳои муттарақи муаррифӣ намудааст. Ҳалолат бод шаҳрдори, нушат бод ватандори роҳбари муваффақу кордон Рустами Эмомалӣ ба ҳангоми ҷавони ибрате шуд баҳри ҳар раҳбар, ҳалиму меҳрубону сахтгири корҳо бошад, фақат хидмат ба мардум мекунад. Ин туҳфаи ирси ба хислат бо таҳаммул, ҷиддӣ пок аз ҳар риё бошад.  Ҳакимона хамӯш асту  ҳақиқатро парамтишгар, далер асту боазму ҷои ӯ дар дидаҳо бошад, дуо гӯем доим мо нигаҳбонаш Худо бошад!

 

Дилафрӯз Сироҷиддинова, директори МТМУ № 12-и ноҳияи Ёвон

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg