БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

«КОРОНАВИРУС» МУШКИЛИИ САЙЁРА

АНДЕША. Башарият тӯли пайдоиши дунё борҳо ба чунин мушкилиҳои умумибашарӣ рӯ ба рӯ шуда буданд.  Чуноне, ки  замонҳои гузашта дар асарҳояшон зикр карда буданд, мардум гирифтори бемории “Вабо” шуданду аз шумораи одамони маҳалли зист касе зинда намонда, баъзе деҳаҳо умуман бар асари ин вабо ҳама даргузаштанд. Маҳз дар замоне, ки  асосгузори илми тибби ҷаҳонӣ Абӯалӣ Ибни Сино умр ба сар бурда буданд,  мардум кӯч баста аз он маҳаллаҳое, ки бемории сироятии  вабо омада буд,  ба   дигар минтақаҳо мерафтанд,   то ки худ ва аҳли оилаашонро аз ин вабо эмин нигоҳ доранд.

Аммо имрӯза мушкилӣ  ё худ даҳшате, ки ба сари сокинони саёра омадааст, ҳеҷ ягон фарди солимақли дунёро бетараф намегузораду дар андешаи чӣ гуна аз он халосӣ ҷӯстанро меандешанд. Пеши чунин як вабои аср “Коронавирус “ давлатҳои абарқудрати дунё, ки худро ҳокими мутлақи дунё меҳисобанд, дар ҳалли ин бемории марговар оҷизу заиф мондаанд, зеро ки зиёда аз 200 давлатҳои бузургу хурди дунё гирифтор ва мубталои бемории сироятии коронавирус  мебошанд ва дар сайёраи замин аллакай доманаи 1,5 - миллион нафар мубталои ин вирус гаштаанду тамоми олимону табибони дунё баҳри дарёфти пешгирии онро ҷустуҷӯй доранд.

Бояд қайд кард, ки то ҳол  касе онро ихтироъ накардаасту ба гуфтаи онҳо муддати шаш моҳ  мумкин аст ихтироъ кунанд. Давлатҳои калони дунё баҳри танзими сокинони сайёраи замин аз инсоният ҷангҳои ҷаҳониро роҳандозӣ мекарданду бар асари он миқдори сокинони сайёраи замин ба танзим дароварда мешавад, аммо ин сироятӣ марговари соли 2019, ки бо номи коронавирус хуруҷ намуд аз тамоми ҷангҳои гузаштаи сайёраи замин ба куллӣ фарқ ва даҳшадтар мебошад.  Зеро   дар ҳолати гирифтори чунин вирус инсоният аз он раҳоӣ наёфта, сарвату давлат, тоҷу тахт, шуҳрату шаҳомати кас пеши роҳи онро гирифта наметавонад.  Аз ин хотир дигар барои Амрико, Олмон, Хитой, Италия, Фаронса, Япония, Ирон, Туркиё  ва амсоли ин давлатҳои тараққикардаи дунё сиёсати ҳукмронӣ бозори иқтисодию сиёсии ҷаҳонӣ нодаркор шуда, танҳо баҳри халосӣ ва эмин мондани худу қавму миллати хеш ҷонбозиҳо намуда истодаанд.

Дар қатори онҳо роҳбарони наҳзатиёни Тоҷикистон, ки дар зери қаноти онҳо  пинҳон шуда, санги маломат бар сари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоқикистон Эмомалӣ Раҳмон мезаданду худро ғамхору мушфиқи миллат мешумурданд, имрӯзҳо ба хомӯшию таҳлука афтода,  ба куҷо рафтан ва чигуна аз ин вабои аср раҳоӣ ёфтанро  хоҳонанд. Агар сиёсати дуруст ва дурандешонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намебуд мумкин буд, ки мамлакати мо низ мубталои ин бемории сироятии короновирус мегардидем дар ҳоле, ки атрофи моро ин вирус иҳота кардаасту Тоҷикистонро бо раҳмати Худованд ва нуктаи дурбинонаи Роҳбари давлатамон аз ин вирус нигоҳ доштааст.

Мо ҳизбиён дар қатори дигар сохторҳи давлатӣ баҳри пешгирӣ аз сирояти  коронавирус дар асоси амри Раиси муаззами  Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар якҷоягӣ бо Маҷомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва мутахассисони соҳаҳои мухталифи тиббии ноҳия фаъолон бо усули (хона ба хона) дастрасии маводҳои таблиғотӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирӣ аз ин вируси сироятии коронавирус рафта истодааст.

Ҳайати гурӯҳи корӣ дар ҷойҳои аҳолинишин ва серодам, ки мисли бозор, масҷид ва ташкилоту муассисаҳо кор бурда истодаанд.Умедворам дар сурати риояи он дастуру супоришҳои Сарвари давлат ва мутахассисони соҳавӣ пеши роҳи вируси марговари дар  паноҳаш нигоҳ дорад.

Каримзода Пирмаҳмад, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар   ноҳияи Данғара

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg