БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ ЧЕҲРАИ НАВ ДАР ТАЪРИХИ НАВИНИ ТОҶИКОН

АНДЕША. Ҷавонтарин сиёсатмадори тоҷику Тоҷикистон, ки имрӯз дар арсаи байналмилалӣ  мақому манзали хоса  пайдо кардааст, бешак Раиси шаҳри Душанбе, Раиси тозаинтихоби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ мебошад. Ӯ яке аз чеҳраҳои ҷавон дар таърихи навини кишвар ворид шуда, дар муддати кӯтоҳе, ки Раиси шаҳри Душанбе фаъолият намуда истодааст, тамоми тоҷикистониён шоҳиданд, ки симои шаҳри Душанбе ба куллӣ тағйир ёфтааст.

Дар давраи роҳбарии Рустами Эмомалӣ ба ҳайси Раиси шаҳри Душанбе дар пойтахти азизамон  иншоотҳои зиёде сохта ба истифода дода шудаанд, ки камназиранд. Дар ин ҷо мехоҳам, доир ба як самти сиёсати пешгирифтаи муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир ба ободониву созандагӣ дар шаҳри Душанбе андешаронӣ намоям. Ин ҳам бошад,  таҷдид ва азнавсозии майдончаҳои замонавӣ барои кӯдакон, боғу гулгаштҳои шаҳри Душанбе мебошад. Бо дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як муддати кӯтоҳ Боғи ба номи устод Садриддин Айнӣ азнавсозӣ гардида, бо иштироки Пешвои миллат мавриди баҳрабардории умум қарор гирифт. Имрӯз боғи мазкур яке аз марказҳои сайру гашт ва тамошобоби Душанбешаҳр гардидааст.  Ба монанди Боғи ба номи Садриддин Айнӣ,боғи ҷавонон, боғи ба номи Аҳмади Дониш, боғи ба номи Куруши Кабир, боғи ба номи Алишер Навоӣ  ва ғайраҳо ба ҳисоб мераванд.

Соҳаи варзиш яке аз самтҳои асосии солимгардонии сокинони мамлакат ба ҳисоб меравад. Аз соли 2017 то имрӯз шумораи зиёди майдончаҳои варзишӣ сохта ба истифода дода шуданд, ки ҳамаи онҳо бевосита таҳти роҳбарӣ ва сарпарастии муҳтарам Рустами Эмомалӣ ба анҷом расонида шуданд.

Бо овардани ҳамаи ин далелҳо ман чи гуфтаниям, гуфтании онам, ки агар Раиси шаҳри Душанбе ба ҷавонии худ нигоҳ накарда,  дар як муддати кӯтоҳ ба ин қадар муваффақиятҳои назаррас ноил гашта бошад, пас ӯ метавонад, дар мансаби Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давлату миллати тоҷик хизматҳои арзандеро ба анҷом расонад.

Хабари ба вазифаи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани Раиси  шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалиро шунида хело хушнуд шудам, зеро имрӯз ба зебогии Душанбешаҳр  нигариста, ба ояндаи дурахшони Ватан,  таҳти роҳбарии муҳтарам Пешвои миллат ва раиси ҷавону ташаббускори тозаинтихоби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дучанд мешавад.

Аз номи аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар муҳтарам Рустами Эмомалиро барои интихоб гардиданашон ба ин вазифаи пурмасъул табрику таҳният гуфта, таманнои онро мекунем, ки дар ин мансаб низ барои шукуфоии мамлакати азизамон камари ҳиммат мебандад. 

Тоҷикистон ба пеш!

Толиби Толибзода, сокини шаҳри Бохтар

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg