АНДЕША. Масъулиятшиносӣ ё ба ибораи дигар сарсупурда будан дар анҷоми вазифа, дарёфти ғояҳои нав, ки муҷиби рушди дилхоҳ арсаи хоҷагии халқ шуда метавонад ва дар ин баробар ба ҳамагон писанд омадани натиҷаи заҳматҳо, бешак, аз саодатҳоеанд, ки Эзид на ба ҳар кас лоиқ дидааст.
Рустами Эмомалӣ, ки қабл аз ба зимма гирифтани масъулияти вазнин – раисии шаҳри Душанбе чашмикордон буданаш бахусус, аз замони фаъолият дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармало шуда буд. Дар тӯли чор соли часпу талошҳо дар симати роҳбарии “қалби Тоҷикистон” собит карда тавонист, ки фарди ҷавон ҳам метавонад аз уҳдаи ободкориҳои азим барояд.
Гарчи асосгузорӣ дар аксар навгонию созандагии Душанбешаҳр, қабл аз ҳама, ба исми шарифи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон пайванд мегирад, вале татбиқи саривақтӣ, босифат ва ҷолибтарашон ба ин ҷавони серғайрат марбут аст. Даҳҳо иншооти нави боҳашамати аз ҷиҳати меъморӣ ҷолиби маъмурию маишӣ, боғҳои зиёди фароғатии сабзу хуррами дорои гулу дарахтони нодир, варзишгоҳи деринтизори азим ва бешумор майдончаҳои варзишӣ, бозиҷойи кӯдакон, ҷодаҳои ҷавобгӯ ба стандартҳои байналмилалӣ аз камтарин намунаи амалҳои барои мардум зарурии Рустами Эмомалианд.
Зимнан, бо таъбири Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, “Пойтахти Тоҷикистон - шаҳри Душанбе оинаи таъриху зиндагии миллати тоҷик ва давлати тоҷикон аст”.
Нуктаи асосии сухани мазкур ин аст, ки ин “оина”-ро бегазанд ва муҷалло нигоҳ дошта тавонистан аз шоистатарин кирдори шаҳрдору шаҳрвандон бояд бошад. Бо баҳои яке аз шоҳидони тараққиёти Душанбеи кунунӣ – Шоири халқии Тоҷикистон устод Низом Қосим, “ҳар касе ,ки дар кӯчаю хиёбонҳои ободу зебо ва боғу бӯстони Душанбе қадам мезанад, ҳатман ба Рустами Эмомалӣ барои ин созандагию ободкорӣ аҳсан мехонад”.
Маҳз ҳамин зебоиҳои сафобахши рӯҳу равон барои дӯстдорони каломи мавзун маншаъи эҷод гардидааст. Ҳолиё ин ду мисраъро пиру барно мақбул дарёфтаанд:
Шаҳри ман бо шаҳриёраш зинда бод,
Ахтари толеи умраш рахшанда бод!
Ба фазои ҳамин болиданҳо аз тараққиёти қаблан диданашудаи Душанбешаҳр шоми 17-уми апрели соли ҷорӣ боз як пайки дигар зам шуд: ҷавонмарди гилаш сиришта аз заҳмату ҷонфидоӣ барои халқ муҳтарам Рустами Эмомалӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.
Инсофан, бояд бигӯем, ки чунин як навгониро мо сокинони вилояти Хатлон дер боз мунтазир будем. Яъне, ҳар як фардеро, ки дар роҳбарӣ истеъдод, малака, диди нав ва дасту дили пок дорад, мебояд ба қадри меҳнаташ расид ва роҳи ӯро барои музаффариятҳои бештари меҳнатӣ, барои хидмати зиёдтар ба миллату давлат фаррох кард.
Камина бар инам, ки зимни иҷрои ин масъулияти нав, ки албатта, неруи равонию ҷисмонии зиёд металабад, муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо истифода аз зарфиятҳои исботшудаи шахсӣ боз ҳам ба муваффақиятҳои чашмрас ноил хоҳад шуд.
Бо ин вуҷуд, дар ин солу моҳу рӯзи пурҳаводису сермушкил ба таъкиди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар санаи болозикр зимни иҷлосияи нахустини Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум, ироа гардид, на фақат Раиси тозаинтихоб, балки ҳар як аъзои Маҷлиси миллӣ бояд бо истифода аз ваколати конститутсионии худ ҳамчун субъектҳои ташаббуси қонунгузорӣ ба таҳияи қонунҳо диққати махсус зоҳир намоянд. Ва онҳо бояд қонунҳоеро таҳия ва пешниҳод намоянд, ки ба таҳкими Истиқлолият, рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ва густариши муносибатҳои бозорӣ, аз ҷумла пешрафти соҳибкорӣ, беҳдошти соҳаҳои маориф ва тандурустӣ, истифодаи самараноку сарфакоронаи замин ва дигар боигариҳои табиӣ, таъмини волоияти қонун, пешгирии ҷинояткорӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум равона шуда бошанд.
Итминони комил дорем, ки аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар зери роҳбарии муҳтарам Рустами Эмомалӣ ин марҳилаи барои миллат тақдирсозро ба гунаи аҳсан паси сар мекунанд ва дар таърихи Тоҷикистони соҳибистиқлол аз хеш номи нек боқӣ мегузоранд. Ва мо сокинони шукргузори Тоҷикистон бо ин ҷавони фидоӣ боз ҳам меболему мефахрем.
Дар маҷмӯъ, муваффақияти Рустами Эмомалии муҳтарам муваффақияти тамоми ҷавонони Тоҷикистон аст ва бурду комгории ӯ шаҳодат аз соҳибтадбирии як ҷавони хештаншинос, ватанхоҳ, баномус ва озодаи ин меҳан.
Неъматулло Иброҳимзода, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар