БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ЧОРАБИНИИ ТАРҒИБОТӢ ВОБАСТА БА ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ КОРОНАВИРУС

ҶАЙҲУН.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун оид ба пешгирии сироятёбӣ ба бемории коронавирус навъи (COVID-19) бо усули “хона ба хона” дар Ҷамоати деҳоти Ваҳдати миллӣ баргузор гардид. Дар рафти чорабинӣ- корҳои фаҳмондадиҳӣ аз ҷониби масъулин доир ба ин беморӣ ва ҳамчунин тақсимоти варақаҳои иттилоотӣ роҳандозӣ гардид.

Зимни суҳбат масъулин қайд намуданд, ки коронавирус бо чанголҳои маргбораш сарҳадҳоро убур карда, дунёро фаро гирифт. Коронвирус гурӯҳи ба ҳам аз ҷиҳати ирсӣ наздики вирусҳо мебошад. Вирус аз шахси бемор ба солим ба воситаи ҳаво ва вақти атсаю сулфа мегузарад. Ҳангоми сулфа дар атрофи мариз дар масофаи то 3 метр як мавзеи пур аз вирус пайдо мегардад, ки хатарнок аст. Инчунин, ҳар ки дар наздикии бемор қарор гирифт ё даст ба ӯ расонд, метавонад манбаи вирус ва сироят гардад.

Имрӯзҳо хатари сироят ба ин беморӣ вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, роҳҳои пешгирӣ аз ин бемориро омӯхта, тавсияҳои табибонро риоя намудан лозим аст. Вирус ба ҷисми инсон аз чашм, бинӣ ва даҳон ворид мешавад. Бинобар ин бояд дастони ношустаро ба рӯй нарасонем. Табибон тавсия медиҳанд, ки дастони худро бо собун давоми на кам аз 20 сония бишӯем ё бо маҳлулҳои тиббӣ пок кунем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg