ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Давлатҷон Ғаффорзода бо мақсади пешгирии бемории сироятии коронавирус бо омӯзгорони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №9 деҳаи Сомониёни Ҷамоати деҳоти Турдиев вохӯрӣ доир намуд. Дар вохӯрӣ мавсуф атрофи риояи гигиенаи шахсӣ ва ҷамъиятӣ, инчунин риояи қоидаҳои беҳдошти саломатӣ, тозагии маҳали зист суҳбат карда, қайд намуд, ки коронавирус аз шахси бемор ба одами солим одатан ба воситаи чакраҳои луоби оби бинӣ ва балғам, ки дар худ вирус доранд, дар вақти гап задан, атса задан, сулфа задан мегузарад. Инчунин, дар идома 18 намуд қоидаҳои беҳдоштӣ барои пешгирӣ аз сироятёбиро ба сокинон фаҳмонида шуд.
Сипас, ба иштирокдорон зиёда 150 адад маводи таблиғотӣ ва 100 дона ниқобҳои муҳофизатӣ дастрас карда шуд.