БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОЛИМИИ МИЛЛАТ БОИГАРИИ ДАВЛАТ АСТ!

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Коллеҷи тиббӣ” вохӯрии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ  оид ба тарғиби тарзи ҳаёти солим, ки яке аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мебошад,  баргузор гардид.

Зимни баромад масъулин дар бораи қоидаҳои пешгирӣ аз бемории коронавирус суҳбат намуда,  қайд карданд, ки коронавирус аз шахси бемор ба солим одатан ба воситаи чакраҳои луоби оби бинӣ ва балғам, ки дар худ вирус доранд, дар вақти гап задан, атса задан, сулфа мегузарад. Бинобар ин, роҳҳои пешгирии аз бемориро бояд донист. Инчунин, гуфта шуд, ки 18 намуди қоидаҳои беҳдоштӣ  барои пешгирӣ аз сироятёбӣ аз коронавирус вуҷуд дорад, ки мо онҳоро доимо бояд риоя кунем. Истифодаи ниқобу респиратор дар ҷойҳои серодам - нақлиёт, ҷои кор, дарсомӯзӣ,  чорабиниҳои варзишию  фарҳангӣ ва ғайра мувофиқи мантиқ аст.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg