ФАРХОР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор ҷиҳати тарғиби пешгирӣ аз бемории коронавирус дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия бо хонандогони синфҳои болоӣ мулоқот баргузор намуданд.
Дар мулоқот масъулин оид ба як чанд тавсияҳои табибон нисбати аломатҳо ва пешгирии бемории коронавирус суханронӣ намуда, иброз доштанд, аломатҳои саршавии ин беморӣ ҳарорати баланд, сулфазанӣ, нафастангӣ, дарди сар, яъне ҳамаи он нишонаҳои бемории роҳҳои нафас ба монанди зуком мебошанд. Дар фарқият аз нишонаҳои бемории зуком ин беморон агар сари вақт ба табобат фаро гирифта нашаванду ба худмуолиҷа даст зананд, дар онҳо оризаҳои беморӣ хусусан дар узвҳои роҳи нафас, шушҳо сар мезанад. Агар одаме, ки масъунияташ (иммунитеташ) суст бошаду ба ин беморӣ дучор гардад, дар муҳлати кӯтоҳ ба оризаҳои вазнин ва фалаҷшавии организм оварда мерасонад.
Тибқи маслиҳати мутахассисони соҳаи тандурустӣ баҳри пешгирии ин вирус усулҳои оддии пешгирии натиҷанок мавҷуд мебошанд, ки ба инҳо дохил мешаванд, гигиенаи шахсӣ ба монанди шустушӯи дастон бо собун, истифодабарии ниқобҳои тиббӣ, ки барои муҳофизат кардани худ ва дигарон аз ин беморӣ мебошад.