ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Хонаи бачагони ятиму бепарастори Танобчӣ” вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик баргузор гардид.
Раиси Кумитаи иҷроия Раҷабзода Маҳмадсаид оид ба бемории сироятии коронавирус, инчунин вусъат бахшидан ба корҳои бунёдкорию ободгароӣ бахшида ба 30 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ сухан гуфта, иброз дошт, ки мардуми сарбаланди тоҷик таҳти сиёсати пешгирифтаи Роҳбари давлат рӯз то рӯз ба комёбиву пешравиҳо ноил гашта истодаанд ва ин барои мо шаҳрвандон бахти баланд аст. Моро зарур аст ҷавобан ба ин ғамхориҳо бо амалҳои созанда ба халқу Ватан хизмати содиқона намуда, ватандӯст будани худро собит созем. Инчунин, дар охир таъкид карда шуд, ки ба гигиенаи шахсӣ, тозагии муҳити зист диққати ҷиддӣ дода, худ ва дигаронро аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ ҳифз намоянд.