ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Оид ба пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавируси навъи (СOVID-19) кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ дар маркази Ҷамоати шаҳраки Панҷ, маҳаллаи Қушунҳои сарҳадӣ варақаҳои иттилоотиро ба сокинон дастрас намуда, корҳои тарғиботӣ ва ташвиқотиро ҷоннок карданд. Аз шаҳрвандон хоҳиш намуданд, ки ба таҳлука наафтода, барои пешгирии касалии сироятӣ ба гигиенаи шахсӣ риоя намоянд. Инчунин, таъкид шуд, ки мунтазам дастонро бо маҳлулҳои антисептикӣ кунанд.