ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “15- солагии Истиқлолият” вохӯрӣ бо хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таълимӣ баргузор гардид.
Намояндагони Кумитаи иљроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панљ оид ба мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат, пешгирии ифротгароиву терроризм, муайян кардани вазифаҳои шаҳрвандон, хоса ҷавонон дар самти мубориза бар зидди коррупсия, ташкилёбии Артиши миллӣ ва ташаккулёбии љузъу томҳои он, шароити хизмати ҳарбӣ, қарзи фарзандии ҳар як ҷавонмард дар назди Ватан- Модар, Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва пешгирии бемориҳои сироятӣ суханронӣ намуда, таъкид карданд, ки ягона амале, ки имрӯз аз мо талаб карда мешавад, ба тарсу таҳлука афтодан не, балки ба таври лозима омода гаштан барои пешгирӣ аз паҳншавии ин вирус мебошад. Бояд ҳар яки мо беш аз ҳар вақти дигар ба тозагӣ ва гигиенаи шахсии худу аҳли оилаамон таваҷҷуҳ карда, аз ҳузур дар ҷойҳои серодам канораҷӯӣ кунем ва дар ин бора танҳо ба хабарҳои расмии мақомоти дахлдор бовар кунем.