НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирӣ намудани бемории сироятии короновирус пайваста дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак суҳбату вохӯриҳо баргузор гардида истодаанд. Вохӯрии навбатӣ дар ташкилоти ибтидоии “Нозироти андоз” сурат гирифта, зимни суҳбат масъулин оид ба пешгирии бемории навъи (COVID -19) ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баромад намуда, изҳор доштанд, ки ҳар яки моро зарур аст, ба оддитарин қоидаҳои гигиенӣ риоя намуда, баҳри татбиқ кардани ҳадафҳои созандаи ҳизб аз тамоми чораҳои зарурӣ ба таври васеъ истифода барем то дар ҷомеа ҳиссаи арзандаи хешро дар пешбурди илму техника ва бунёдкорию созандагӣ гузорем.