НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Баҳри пешгирии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории короновирус дар ҳудуди минтақаҳои манзилии шаҳри Норак бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Норак дар якҷоягӣ бо гурӯҳи корӣ оид ба пешгирии ин беморӣ ба аҳолӣ варақаҳои иттилоотӣ дастрас карда шуд.
Зимни дастрас намудани варақаҳо ба аҳолӣ таъкид карда шуд, ки ҳар як нафарро мебояд, ба гигиенаи шахсӣ диққати аввалиндараҷа диҳад то худ ва дигаронро аз сироятёбӣ аз бемориҳои сироятӣ муҳофизат намояд. Қайд карда шуд, ки ҷавонону наврасон ояндаи давлату миллат ба ҳисоб мераванд, пас кӯшиш намоед, ки аз давраи мактабӣ оғоз карда, ба оддитарин қоидаҳои гигиенӣ ва зебоипарастӣ одат намоед. Ҳамчунин, ба хонандагон тавсияҳои Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт барои пешгирии сироятӣ ба коронавирус расонида шуд.