![](http://hhdtkhatlon.tj/sites/default/files/styles/medium/public/field/image/2_167.jpg?itok=gJjY91yo)
НОРАК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирӣ намудани бемории сироятии коронавирус навъи (COVID-19) кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак корҳои тарғиботиро дар ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии деҳаву маҳал бо усули “хона ба хона” идома дода истодаанд.
Вохӯрии навбатӣ дар ташкилоти ибтидоии “Боғи анор ” бо дастрас кардани маводҳои тарғиботӣ роҳандозӣ гардида, масъулин оид ба беҳдошти муҳити атроф, фарҳангу оини рӯзгордорӣ, омода намудани хӯрокҳои серғизову риояи гигиенаи шахсӣ ва одоби муоширатро низ ба роҳ монанд.