ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар ҳамкорӣ бо собиқадорони ҲХДТ дар шаҳри Левакант бо мақсади дар сатҳи зурурӣ ба роҳ мондани тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ, хештаншиносӣ ва ахлоқию маънавии насли наврас ва ҷавонон ба ифтихори 75-умин солгарди Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ миёни муассисаҳои таълимӣ, литсейҳо ва Коллеҷи тиббии шаҳр озмуни шаҳрии «Беҳтарин осорхонаҳои (гӯшаҳои) шарафи ҷангӣ ва меҳнатӣ» эълон гардидааст, ки қарор аст дар арафаи ҷашни ин рӯзи таърихӣ ҷамъбаст гардад.
Чуноне қайд гардид, пос доштани хотираи неки ҷанговарони Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла фарзандони халқи тоҷик ҳамчун қаҳрамон, размандагони роҳи озодӣ ва намунаи олии ватандӯстию ватандорӣ метавонад дарки эҳсоси баланди ватандору соҳибдавлат буданро дар замири ҳар насли ҷавон парвариш диҳад.