БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶОМЕАИ СОЛИМ-МИЛЛАТИ СОЛИМ

КӮЛОБ. Дар  доираи  Солҳои  таҳкими  худшиносии  миллӣ.   Вобаста ба пешгирии коронавирус ва иҷрои дастуру супоришҳои мақомотҳои болоии ҳизбӣ  дар ташкилоти ибтидоии  “Беморхонаи Хатлон” бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб вохӯрӣ  доир карда шуд.

Дар рафти вохӯрӣ аввалан  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб  ба сухан баромада, иброз доштанд, ки аз рӯи маълумотҳои Созмони беҳдошти ҷаҳонӣ, вирус дорои хосиятҳои мутатсионӣ (тағйирпазирӣ) буда, ҳолатҳои аз одам ба одам сироятёбӣ низ қайд  карда шудааст. Иброз дошта шуд, ки хушбахтона бо чорагирии саривақтии Ҳукумати кишварамон, дар Тоҷикистон ҳолатҳои сироятёбӣ қайд нашудааст. Аммо бо вуҷуди ин мебоист роҳҳои пешгирии ин коронавирусро миёни аҳолӣ тарғиб намуд. Аз ин иқдоми кормандони ҳизбӣ иштирокдорон сипосгузорӣ намуданд.  

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg